Саҳми олимони рус дар рушди филологияи руси Тоҷикистон
Душанбе, 30.06.15. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Бо ибтикори факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ва Маркази русии Бунёди «Русский мир» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Саҳми олимони рус дар рушди филологияи руси Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ки дар намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, декани факулта доктори илмҳои педагогӣ Ғафур Мухамметов зикр намуд, ки факултаи забон ва адабиёти рус, ки ба туфайли саҳми бузурги олимон — филологҳои барҷастаи рус таъсис ёфта буд, тарбиятгоҳи кадрҳои забоншиносию омӯзгории ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Номҳои Александр Константинович Власов, Антон Антонович Горбачевский, Павел Анатолевич Клубков, Ирина Алексеевна Филипповская, Виктор Василевич Ефимов, Виктор Серафимович Ушаковский, Ираида Петровна Нечаева ва дигарон дар солномаи таърихи факулта бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Имрӯз хатмкунандагони он дар мансабҳои баландтарини давлатӣ кор мекунанд, олимони номдори филологияи рус ва омӯзгорони барҷаста гардидаанд, парчами филологияи руси Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Роҳбари намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко иштирокдорони мизи мудавварро аз ҷумлаи омӯзгорони ДМТ, ки бисёриашон солҳои гуногун факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи асосии ҷумҳуриро хатм кардаанду дар вақташ шогирдони олимони номдори донишгоҳҳои Ленинграду Маскав буданд, хайра мақдам гуфта, ба директори Маркази русии Бунёди «Русский мир», доктори илмҳои филологӣ, профессор Меҳринисо Нағзибекова дипломи Ҳамкории Русия «Барои Саҳми назаррас дар тарғиби забони русӣ дар хориҷа» — ро супурд.
Дар анҷоми мизи мудаввар тасмим гирифта шуд, ки бо назардошти саҳми олимони рус дар рушди филолгияи руси Тоҷикистон дар ҳар семоҳа бахшида ба Антон Антонович Горбачевский, ки солҳои зиёде роҳбарии кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ҳоло (ДМТ) – ро ба ӯҳда дошт, мизҳои мудаввар ва конфронсҳо доир карда шаванд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






