Сабақи таърих ва худогоҳии миллӣ
Душанбе, 27.06.2015.(АМИТ «Ховар»).-Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд зери шиканҷаву азоб ва тохтутози аҷнабиён қарор доштаву ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ин миллати сарбаланд тавонистааст аз таъриху фарҳанг ва арзишҳои муқаддаси миллии худро ҳифз намояд. Номдорони таърих дар ҳама давру замон новобаста аз тақдирбозиву таърихсозии нотавонбинони ин миллат ҳатто ба ивази ҷон аз ҳудуди ҷуғрофӣ, арзишҳои миллӣ, сармояҳои ватании хеш муҳофизат кардаанд. Номи номдорони миллати тоҷик дар саҳифаҳои рушани таърих сабт шудааст ва амали эшон барои мо ҷавонони имрўза, ки ояндасози ин сарзаминем, бояд сабақи ҳаёт бошад.
Агар саҳифаҳои рушани таърихро варақ гардонем, бори дигар шоҳиди он мегардем, ки таърих халқи тоҷикро бисёр имтиҳон кардааст. Ва ҳар як имтиҳони таърих пушти худ садҳою ҳазорҳо ҷони тоҷиконро рабудаву кӯшиши инкор ва ба нестӣ расонидани ин миллати қадимиро дошт. Дар душвортарин лаҳзаҳои сарнавиштсози миллат, фарзандони баруманду номбардори миллат ба майдон омадаву аз ватану хоку оби сарзамини бобоии хеш ҳифз мекунанд. Ҳамарўза мо аз тариқи расонаҳои хабарӣ шоҳиди он мегардем, ки бештаре аз давлатҳои дунё паиҳам ба доми фиреби давлатҳои абарқудрат, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои сармоягузор афтодаву мустақилияти хешро аз даст дода истодаанд, занону кӯдакон дар оташи ҷанг месӯзанд, ҷавонони гирифтори гурӯҳҳои ифротгаро ба куштору террор даст задаву ҷони худ ва даҳҳо нафари дигарро аз даст медиҳанд.
Халқи моро дар солҳои 1992-1993 манфиатдорони хориҷӣ гумроҳ кардаву то ба ҷанги бародаркуш оварда расониданд, ки ин нобасомониҳо оқибатҳои даҳшатбору хунин дошт. Яъне бегонагон моро фиреб додаву ба ҳамдигар душман сохтанд ва аз дур миллати куҳанбунёди тоҷикро бо ангушти ҳақорат нишон доданд. Боз хам хушбахтонаву сарбаландона, ки тафаккури азалии миллати тоҷик ғалаба кард ва бо шарофати пешвои миллати тоҷикон, роҳбари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон мо боз ба ҳам омадем, сарҷамъ шудему сулҳу амнияти кишварро аз нав бунёд кардем. Яъне мо халки тоҷик аз ин сабақи таърихӣ аллакай огаҳ ҳастему бояд имрӯзҳо ба ивази ҷон бошад ҳам, аз сулҳи пойдори ватанамон ҳифз кунем. Вале мутаассифона, аз чӣ бошад, ки имрӯзҳо бархе аз чавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидаву дар давлатҳои Шарқи Наздик, Сурияву Ироқ ҷанг мекунанд. Номи миллати тоҷикро бори дигар доғдор месозанд, ба амнияти кишвар халал ворид мекунанд. Бисёр пурдард аст, ки дар ин раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҳеҷ як давлате наметавонад дур аз он бошад, бархе аз ҷавонони мо низ на паи пешравии илму техникаи кишвар, балки дунболи хурофот ва бегонапарастӣ рафта, ба гурӯҳу ҳизбҳои ба ном исломӣ ҳамроҳ гардида, дар кишварҳои бегона ҷони ҷавони худро дар хатар гузошта, дур аз мазҳабу имону виҷдони мусулмонӣ ба қатлу куштор даст мезананд, аз падару модарашон рӯй мегардонанд, кӯдаконашонро ятим месозанд. Пас барои чӣ ҷавонони мо ба чунин кор даст мезананд, мо ватан дорем, сарҳад дорем, забони ягонаву парчаму нишон дорем, ки аз иттиҳоду як миллати воҳид будани мо дарак медиҳад. Ва фикр мекунам, аз хар вақт дида боз хам зиёдтар зарур аст, ки имрӯзхо мо халқи точик, насли чавони мо, падару модарон, сохторҳои давлатӣ ҳушёрӣ ва бедории сиёсӣ дошта бошем. Нагузорем, то боз манфиатдорони хоричӣ аз паи нобуд кардани фарҳангу тамаддун, таърихи ҳазорсола ва забону адабиёти ғании мо гарданд, ҷавонони моро гумроҳ кунанду миллатро ба нестӣ расонанд. Яъне, имрӯз аҳли ҷомеа бояд бетараф набошад, ҳар яки мо сарҷамъонаву оқилона, бо иродаи мустаҳкам гомҳои устувор сӯи фардои дурахшон гузорем, ватанамонро обод кардаву ҳама панчаҳои як мушт бошему ваҳдатамонро содиқона ва ҷавонмардона ҳифз намоем.
Сафарзода Ғозибек Солеҳ
Судяи ноҳияи Файзобод