Саёҳати хотирмон ба шаҳри Роғун

Июнь 27, 2015 06:24

Душанбе, 27.06.2015 (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Имрӯз як гурӯҳ  устодон ва донишҷӯёни  Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ ба шаҳри Роғун сафар менамояд. 

Ба иттилои Наврӯз Қурбонов,  мутахассиси пешбари  Бахши таҳлилу иттилооти кумита сафари мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сурат мегирад.

     Дар доираи ин сафар устодон ва донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихию диданӣ, минтақаҳои сайёҳии шаҳр дидан намуда, дар чорабиниҳои тантанавию фарҳангӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ ширкат меварзанд. 

Ин иқдом дар доираи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ  сурат мегирад.

Мақсади чорабинӣ шиносоии бештари сокинон бо мавзеъҳои сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон мебошад. 

Баргузории чунин чорабиниҳо дар ҳолест, ки Соли 2015-соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ эълон гардида, моҳи август нахустин Конфронси байналмилалии туристии «Тоҷикистон-  кишвари туризм», Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» ва Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвинаи ноҳияи Ҷиргатол ба нақша гирифта шудааст.  

Июнь 27, 2015 06:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст