Сомонаи нави «Ховар» фаъол шуд

Июнь 29, 2015 12:25

Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи www.khovar.tj аз соли 2003 инҷониб фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромад.
Сомонаи нави АМИТ «Ховар» бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабрии ҷаҳонӣ таҳия шудааст, ки аз шакли қаблии худ бо тарҳ ва имконоти фаровони дастрасии осону фаврии хабарҳо фарқ мекунад. 
Рубрикаҳои сомона ҳам бо назардошти фарогирии пахши хабарҳои расмӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ таҷдиди назар шудааст. Аз ҷумла, сомонаи нав аз рубрикаҳои «Президент», «Парламент», «Сиёсати хориҷӣ», «Амният», «Иқтисод», «Иҷтимоиёт», «Фарҳанг», «Варзиш», «Минтақа ва ҷаҳон» иборат буда, ҳар яки он фарогири мавзуъҳои марбута мебошанд. Дар саҳифаи асосӣ афзалият, пеш аз ҳама ба хабарҳои тозатарину муҳимтарини рӯйдодҳои дохил ва хориҷи кишвар дода шуда, дар қисмати болоии он 4 хабари аз ҳама муҳиму асосӣ бо аксҳои ҷолиб ҷой дода шудааст. 
Инчунин, дар саҳифаи асосӣ як хабари аз ҳама муҳими рубрика бо акс ҷойгир шуда, дар қисми болоии тарафи рости он 20 хабари охирин ҷойгир аст. Муштариёни сайт имкон доранд ба осонӣ бо боз кардани саҳифаи аввали сайти АМИТ «Ховар» якбора аз чандин рӯйдод ва ҳодисаҳои дохилу хориҷи кишвар огоҳ шаванд.              
Дар қисми дуюми тарафи рости саҳифаи асосӣ рубрикаи махсус ҷойгир аст, ки он вобаста ба рӯйдодҳои муҳим ва таҷлили ҷашнҳои давлативу миллӣ иваз шуда, фарогири маводи марбут ба мавзуъи хос хоҳад буд. 
Инчунин, дар ҳамин гуша фоторепортажҳо ҷой дода шудааст, ки инъикосгари раванди рӯйдодҳо ва манзараҳои ҷолибу дилнишини Тоҷикистон мебошанд.
Тамоми мавод бо фаврияти баланд ва саҳеҳият бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи нав ҷойгир карда мешавад. Инчунин, рӯзҳои наздик мавод бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ низ ҷой дода хоҳад шуд. Ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ ҳам дар назар аст.  
Мавриди зикр аст, ки АМИТ «Ховар» ҳамчун мақоми марказии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишоркунандаи боэътимоди ахбори таъҷилӣ ва ҷолиб дар бораи рӯйдодҳои муҳими ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад. 

 

Июнь 29, 2015 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад