Террор дар масҷид, ҳамин аст мусулмонии «Давлати исломӣ»?

Июнь 27, 2015 06:35

Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). -Тибқи сарчашмаҳои хабарии кувейтӣ, ҳангоми таркише дар  масҷиди Имом Содиқ, воқеъ дар маркази пойтахти Кувейт ҳадди ақал 24 нафар ҳалок гардида, 202 нафари дигар захмӣ гардиданд. Масъулияти ин амали террористиро «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифтааст. Ин амали террористӣ аз ҷониби Абу Сулаймон -Ал- Муваҳҳид ба анҷом расидааст. Маҷлиси Миллии Кувейт барои баррасии ин амалиёт ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуд. Мавриди зикр аст, ки террористҳо тайи ҳафтаҳои охир омили чанд таркишҳои ҳамсон дар масҷидҳои шиъаён дар Арабистони Саудӣ ва Яман будаанд.

 

Июнь 27, 2015 06:35

Хабарҳои дигари ин бахш