Ватикан кишвари мустақил шуд

Июнь 27, 2015 06:27

 Душанбе, 27.06.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). — Ватикан ҳудуди ду сол пас аз ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони кишвари мустақил паймони таърихиро бо Фаластин имзо кард, ки дар робитаҳои дуҷониба нақши калидӣ дорад. Бар асоси ин паймон , Ватикан метавонад дар минтақаҳои дар ихтиёр будаи Фаластин фаъолият кунад. 

Ин паймон аз сӯи Риёз Моликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин, Пул Гологор-усқуфи аъзами англис, ки амалан вазири корхои хориҷии Ватикан маҳсуб мешавад, дар шаҳри Ватикан имзо шудааст.

Июнь 27, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш