ВКД Кувайт шахсияти нафари дар масҷид амали террористӣ содир кардаро муайян кард
Душанбе, 29.06.2015. (АМИТ «Ховар»).- ВКД Кувайт шахсияти ифротгареро, ки рӯзи ҷумъа дар масҷид амали террористӣ анҷом дод ва бар асари он 27 нафар фавтид, муайян кард. Дар ин бора дар изҳороти сомонаи расмии мақомоти марбута хабар дода шудааст.
«Шаҳрванди Арабистони Саудӣ бо номи Фаҳад Сулаймон Абдул Муҳсин ал-Каббъа субҳи рӯзи ҷумъаи гузашта ба Кувайт омад ва дар худи ҳамон рӯзе, ки ҷинояти разилона содир шуд, дар фурудгоҳ аз сарҳад гузашт», — хабар доданд аз ВКД.
Тавре ки шаб маълум гашт, ҳукуматдорони Кувайт боз як иштирокдори амали террористиро дар масҷиди шиаҳо ба ҳабс гирифтанд. Ронандаи мошине, ки қотилро то ба ҷои таркиш расонида буд, ба ҳабс маҳкум гардид. Ин мард Абдул Раҳмон Сабоҳ Айдан, соли таваллудаш 1989 буда, дар қаламрави Кувайт ғайриқонунӣ истиқомат мекардааст.
Маълум гардидааст, ки дастгиршуда дар як хонае дар ноҳияи Эр-Риққа, воқеъ дар ҷануби Эл-Кувайт паноҳ мебурдааст. Мувофиқи маълумоти пулис, «соҳибхона пайрави ғояи ифротгароӣ мебошад».
Тавре ки мақомоти марбута хабар доданд, рӯзи шанбе соҳиби мошине, ки дар он террорист то ба ҷои ҳодиса расидааст, ҳабс карда шуд.
Қотил бомбаеро, ки дар бадани худ баста буд, дар масҷиди шиаҳо дар ноҳияи Эс-Савабер дар маркази Эл-Кувайт дар вақти намози ҷумъа ба кор даровард. Дар натиҷа 27 нафар ҳалок ва 227 нафар захмӣ шуд. Масъулияти ин амали террористиро гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






