109 донишҷӯ ДДХ-ро бо дипломи аъло хатм кард

Июль 31, 2015 06:14

Хуҷанд, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони дараҷаи бакалавр, мутахассис ва магистр баргузор гардид. Тавре ки аз раёсати ДДХ хабар доданд, аз 109 донишҷӯе, ки донишгоҳро бо дипломи «аъло»хатм  намудааст, 58 нафар ба дараҷаи бакалавр, 10 нафар ба дараҷаи мутахассис ва 41 нафар ба дараҷаи магистр соҳиб гашт.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз бузургтарин муассисаҳои таълимии олии мамлакат буда, дар он аз рӯи 73 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 29 ихтисос дар шуъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён мегирад.
Дар соли 2015 донишгоҳро 2396 донишҷӯ хатм намуд.

 

Июль 31, 2015 06:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд