109 донишҷӯ ДДХ-ро бо дипломи аъло хатм кард
Хуҷанд, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони дараҷаи бакалавр, мутахассис ва магистр баргузор гардид. Тавре ки аз раёсати ДДХ хабар доданд, аз 109 донишҷӯе, ки донишгоҳро бо дипломи «аъло»хатм намудааст, 58 нафар ба дараҷаи бакалавр, 10 нафар ба дараҷаи мутахассис ва 41 нафар ба дараҷаи магистр соҳиб гашт.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз бузургтарин муассисаҳои таълимии олии мамлакат буда, дар он аз рӯи 73 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 29 ихтисос дар шуъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён мегирад.
Дар соли 2015 донишгоҳро 2396 донишҷӯ хатм намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






