12 -15 июл ҳарорати ҳавои кишвар аз 40 дараҷа боло қарор мегирад
Душанбе, 06.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Чангу ғуборе, ки аз биёбонҳои Туркманистон бархоста, аз дишаб ҳавои кишвари моро фаро гирифтааст, шоми имрӯз батадриҷ аз байн меравад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сайёра Навҷувонова- мутахассиси Маркази обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки аз 12 то 15 июл бо ворид гардидани ҳавои гарми саудӣ ҳарорати ҳаво дар кишвар баланд гардида, дар ин муддат ҳарорати ҳаво дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ -вилояти Хатлон 40-45 дараҷа, Суғд 37-39 ва Душанбе 38-43 дараҷа гарм мешавад. Танҳо 10 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 2-3 дараҷа паст мефарояд.
Чунин ҳавои гарми тоқафарсо дар соли равон аксари кишварҳои минтақаро фаро гирифта, сабабаш ворид гардидани ҳавои гарм ва хушк аз биёбонҳои нимҷазираи Арабистони Саудист. Назар ба иттилои мутахассиси Маркази обуҳавошиносии кишвар аз 30 июн то 5 июл дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёр баланд гардида, дар ҷануби ҷумҳурӣ, хусусан нуқтаи гармтарини кишвар -Айвоҷ ақрабаки ҳароратсанҷи ҳаво болои 46 дараҷа дакка хӯрд.
7 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму бебориш боқӣ монда, дар вилояти Хатлон шабона 23-28, рӯзона 38-42 дараҷа гарм, дар Суғд шабона 18-23, рӯзона 35-40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 17-20, рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар қисми ғарбии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 2-7 дараҷа ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Фардо ҳавои пойтахти кишвар -шаҳри Душанбе рӯзона 38-40 ва шабона 19-21 дараҷа гарм мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






