45,8% — иҷрои кишти такрорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Яке аз роҳҳои расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат муайян шудааст, истифодаи самараноки замин ва аз як замин гирифтани 2-3 ҳосил мебошад. Хусусан истифодаи самараноки замин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ҷамоавии ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе бояд ба он равона шавад, ки сокинони пойтахт ҳамеша, дар ҳама фаслҳои сол бо сабзавоти тоза ва бо нархҳои нисбатан арзон таъмин бошанд.
Бо мақсади шинос шудан бо вазъи кишти такрорӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Каромиддин Холов ҳамсуҳбат гардид. Тавре ки К.Холов изҳор намуд: «Дар назар дошта шудааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 74 ҳазору 700 гектар кишти такрорӣ гузаронанд. Мувофиқи маълумоти фаврии сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ҷамоавӣ то санаи 24-уми июли соли ҷорӣ дар майдони 66 ҳазору 567 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро анҷом доданд, ки ин 89,1 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Аз майдони умумии кишти такрорӣ 30 ҳазору 318 гектар зироати ғалладонагӣ, 126 гектар картошка, 5 ҳазору 771 гектар сабзавот, 2 ҳазору 975 гектар зироати полезӣ, 2 ҳазору 442 гектар зироати техникӣ ва 24 ҳазору 933 гектарро зироати хӯроки чорво ташкил мекунад».
Муайян карда шуд, ки вазъи кишти такрорӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва шаҳри Кӯлоб ташвишовар буда, деҳқонону кишоварзони ин ноҳияҳо нақшаи кишти такрориро то ҳоло иҷро накардаанд. Чунончӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ то санаи 24-уми моҳи июл ҳамагӣ 45,8 фоиз нақшаи кишти такрорӣ иҷро шудаасту халос. Дар ноҳияи Ҳисор тибқи нақша бояд дар майдони 1950 га кишти такрорӣ гузаронида мешуд, аммо ҳамагӣ дар 1201 га замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин 61,6 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Вазъият дар шаҳри Кӯлоб боз ҳам ташвишовар мебошад, зеро аз 1 ҳазору 385 га замин, ки дар он бояд кишти такрорӣ гузаронида мешуд, ҳамагӣ дар 721 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин 52,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Умуман вазъи ғайри қобили қабули кишти такрорӣ дар тамоми ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулони Вазорати кишоварзии мамлакат ба ин самти фаъолият хунукназарона муносибат мекунанд. Тавре ки К. Холов изҳор кард: «Мувофиқи нақша ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои водии Ҳисор бояд дар майдони 13 ҳазору 640 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро мегузарониданд. То санаи 24-уми июли соли 2015 хоҷагиҳои ноҳияҳои водии Ҳисор дар майдони 10 ҳазору 17 гектар замин кишти такрории зироатҳоро анҷом доданд, ки ин 73, 4 фоизи иҷрои дурнамо мебошад. Аз майдони 10 ҳазору 17 гектар кишти такрории зироатҳо 4 ҳазору 418 гектари он зироатҳои ғалладона, 22 гектар картошка, 1000 гектар сабзавот, 91 гектар зироати полезӣ, 252 гектар зироати техникӣ, 4234 гектари онро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ҷамоавии шаҳри Турсунзода дар майдони 2694 гектар, хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор дар майдони 1201 гектар, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳринав дар майдони 773 гектар, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 1832 гектар, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат дар майдони 3 ҳазору 511 гектар, хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Файзобод дар майдони 60 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро анҷом доданд».
Тавре ки гуфта шуд, ба ҳисоби умумӣ нақшаи гузаронидани кишти такрорӣ ҳамагӣ 73 фоиз иҷро шудааст.
Дар баробари ҳамин деҳқонону кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Вахш ва Бохтар, ки шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппаро бо сабзавоти тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунанд, иҷрои нақшаи кишти такрориро муваффақона таъмин намудаанд. Хоҷагиҳои ноҳияи Бохтар тибқи дурнамо бояд дар майдони 2 ҳазору 509 га кишти такрорӣ мегузарониданд. То санаи 24-уми июл хоҷагиҳои ин ноҳия дар майдони 2 ҳазору 640 га. кишти такрорӣ гузарониданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш ба ҷойи дар майдони 3 ҳазору 542 га гузаронидани кишти такрорӣ дар майдони 3 ҳазор 534 га кишти такрорӣ гузарониданд, ки ин 99,8 фоизи дурнамо мебошад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақша дар майдони 2 ҳ.640 га кишти такрорӣ бояд гузаронида мешуд. Ҳоло деҳқонони ин ноҳия дар майдони 2 ҳ.649 га кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки ин 100,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Вобаста ба дурустии арқоми оморӣ оид ба кишти такрорӣ К.Холов изҳор кард, ки: «Маълумот ба таври фаврӣ аз раёсатҳо ва сарраёсатҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастрас мешаванд ва Вазорати кишоварзӣ ин оморро дар фаъолияти банақшагирии худ истифода мебарад». Яъне, дурустии арқоми оморӣ аз роҳбарони раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо вобастагӣ дорад ва Вазорати кишоварзӣ низ ба он рақамҳо такя мекунад. Дуруст будан ё набудани рақамҳои оморӣ оид ба кишти такрорӣ шояд аз тарафи ниҳодҳои дахлдор санҷида ва тафтиш карда шавад, вале бояд гуфт, ки то ҳанӯз дар ноҳияҳои кишоварзии мамлакат заминҳои аз кишт дур монда хеле зиёд ба чашм мерасанд.
Мутаассифона, муовини сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Каромиддин Холов сабабҳои иҷро нашудани нақшаи кишти такрориро шарҳ дода натавонист, ки ин боз ҳам аз муносибати номатлуби Вазорати кишоварзӣ ба ин масъалаи муҳим шаҳодат медиҳад.