5 аъзои гурӯҳи «Ҷабҳат-ан-Нусра» маҳв карда шуд

Июль 2, 2015 06:03

Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сарбозони Артиши миллии Лубнон зимни роҳандозии амалиёт дар минтақаи Эрсали ҳамсарҳад бо Сурия 5 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи «Ҷабҳат-ан-Нусра»-ро маҳв карданд. 
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, силоҳбадастон дар минтақаи мазкур камин гирифта, нақшаи ҳамла ба кормандони мақомоти полисро доштаанд. Дар ин амалиёт даҳҳо ҷангии дигар низ захмӣ шудаанд. 

 

Июль 2, 2015 06:03

Хабарҳои дигари ин бахш