70 тонна хурмои хушки ғайристандартии «Абад-тиҷорат» ошкор гардид
Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» воридоти 70 тонна хурмои хушки ширкати эронии «Абад-тиҷорат», ки муҳлати истеъмолиаш гузашта буд, ошкор ва нобуд гардонида шуд. Ба гуфтаи масъулини «Тоҷикстандарт» ин дар ҳолест, ки чунин маҳсулот соли гузашта ба Тоҷикистон ворид гардида, худи ҳамон сол бояд ба фурӯш мерафт.
Ба гуфтаи Ибодулло Қурбониён, директори Агентии «Тоҷикстандарт» ширкати эронии «Абад-тиҷорат» қаблан низ 8 тонна хурмои хушки муҳлаташ гузаштаро дар вилояти Суғд ба фурӯш гузошта буд, ки онро «Тоҷикстандарт» ошкор намуд. Аммо агентии «Тоҷикстандарт» бо ин қонеъ нашуда, хурмои хушки боқимондаро, ки дар шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта шуда буд, сари вақт нобуд кард: «Инро барвақт ворид карда буданд. Бо сабабе, ки дар муҳлаташ ба савдо бароварда натавонистанд ва муҳлати истеъмолаш гузашта буд, хостанд, истеъмолкунандагонро фиреб дода, онро ба савдо бароранд»,-афзуд директори «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён имрӯз, 10 июл зимни нишасти хабарӣ.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байналмилалӣ, таъмини бехатарии бозори истеъмолии кишвар ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2015-2016 таҳия ва тасдиқ гардид: «Аз сабабе, ки мо ҳозир регламенти техникӣ дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ қабул кардем, дар ин самт назорат бисёртар шудааст ва он маҳсулоте, ки аз рӯйи тамғагузорӣ бисёртар ворид мешуданд, он ширкатҳое, ки ин маҳсулотро ворид мекарданд, ба онҳо ҷарима пешниҳод карда шуд ва солҳои охир ворид кардани чунин маҳсулоте, ки аз рӯйи тамғагузорӣ ба талаботи хуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нест, камтар шудааст»,-иброз дошт Талабшо Сангзода-сардори Маркази ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт».
Ба иттилои манбаъ феълан тибқи лоиҳаи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» таҳия гардида, таҳияи Регламенти техникии Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» ва «Дар бораи бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ» идома дорад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






