Афроди мусаллаҳи гурӯҳи ДИИШ тифлеро ба қатл расониданд

Июль 15, 2015 02:50

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»)-Афроди мусаллаҳи гурӯҳи  «Давлати исломӣ» тифлеро мунфаҷир сохтанд, то кори маводи таркандаро ба аъзои созмон нишон диҳанд. Дар ин бора нашрияи А-Sumeriah News хабар додааст. 
Ин ҳодиса дар вилояти Диёлаи Ироқ рух дода аст. Падари тифл чанд ҳафта пеш ба сафи мардони мусаллаҳ ҷалб шуда, дар амалиёте ширкат варзида, яке аз аъзои ДИИШ-ро ба қатл расонида буд.
Тибқи маълумоти расида, қатли тифл дар пеши чашми даҳҳо мард сурат гирифтааст.
Намояндаи амниятии вилояти Диёла гуфтааст: «Ин созмон парвои арзишҳои бунёдии инсониро надорад. Ҷиноёти онҳо бешуморанд ва қатли тифл як бори дигар собит месозад, ки ДИИШ таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоварад»

 

 

 

 

 

Июль 15, 2015 02:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст