Агентии беҳдошти замин: ҳолати 3 ҳазор гектар замин беҳтар карда шуд
Душанбе, 20.07.15.(АМИТ «Ховар» Маҳинаи Собир).-Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишасти хабарӣ муовини директори агентӣ Абдулло Қурбонов зикр намуд, ки дар соли 2015 беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии 8 ҳазор гектар замин бо маблағгузории 8,86 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои он ба ҳолати 1 июли соли равон 3 ҳазор гектар бо маблағи 2, 78 млн. сомониро ташкил менамояд.
Тавре ки зикр гардид, барои дастгирии соҳа дар назди агентӣ марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 га (марҳилаи 2), Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 га (марҳилаи 3)», «Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ ( марҳилаи 2)» ва «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» бо маблағи умумии 770,6 млн. сомонӣ (132,865 млн. доллари ИМА) фаъолият доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






