Агентии омор: рамзгузории субъектҳои бақайдгиранда дар реҷаи Он-лайн амалӣ мегардад
Душанбе, 24.07.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Барои мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ аз ҷониби намояндагони як зумра вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Аз тарафи гурӯҳи корӣ сараввал ба омори саноат диққати махсус дода, барои бо ҳисобот пурра фаро гирифтани корхонаҳо ва масъалаи андози иҷтимоӣ аҳамияти зарурӣ дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иттилоъ дод.
Г.Ҳасанзода изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ рӯйхати корхонаҳои амалкунанда аз нав таъсис дода шуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти низоми «Равзанаи ягона» дақиқ карда шуд, ки маълумоти оморӣ тибқи таснифоти намуди фаъолияти иқтисодии корхонаю ташкилот ва тобеияти идоравӣ ташаккул ва такмил шуданд. Дар айни замон рамзгузории субъектҳои бақайдгиранда дар реҷаи Он-лайн амалӣ гардида, то 1 июли соли ҷорӣ шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда 422,2 ҳазор ададро ташкил намуд, аз ҷумла дар равзанаи ягона 416,1 ҳазор ададро ташкил кард, ки аз онҳо 379,7 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






