Қалъаи Ҳисор ба ҷашни арзанда омодааст?
Ҳисор, 28.07.2015(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Қалъаи Ҳисор ҳамчун шоҳиди бузурги корнамоии аҷдодон, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон, нишонае аз аҳди Ҳахоманишиҳо- намунаест аз даврони пуршаъну шон- аз аҳди Сосониёну Сомониён. Қалъаи Ҳисор — ормони дили ҳазорҳо аҷдодони дар ҳасрати Истиқлолият, сулҳу осоиш ҷон ба ҷонофарин супорида ва мулки худододи аз ниёгон мерос монда барои ҳар тоҷику тоҷикистони азиз буду ҳаст.
Қалъаи Ҳисор боз аз он ҷиҳат барои ҳар тоҷики ватандӯст азиз аст, ки Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 маҳз дар майдони Регистони ин ҷо хонда шуд. Дар арафаи ҷашни 3- ҳазорсолагии Ҳисор хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳотами Шариф бо директори Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор Зикруллоҳ Ҷобиров мусоҳиб шуд, ки фишурдаи онро дар зер меоварем:
-Алҳол корҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 3- ҳазорсолагии Ҳисор дар кадом вазъанд?
-Ҳоло корҳои барқарорсозии дӯконҳои ҳунармандон, барқарорсозии девори мудофиавии Қалъа, барқарорсозии Чашмаи Аскархона дар арафаи анҷомёбианд. Аз тарафи кормандони муассиса корҳои барқарорсозии дарвозаи Аскархона ва сохтмони бинои Чойхонаи миллӣ бо мувафақият давом доранд.
Аз ҷониби ду ширкати сохтмонӣ ободонии майдони регистон ва сохтмони бинои Наврӯзгоҳ низ идома дорад.
Ҳоло даҳ дӯкони ҳунармандон пурра омода аст. Аз тарафи кормандони шуъбаи тармим 21 осор тармим карда шуд, ки аз ин 2 осори чӯбӣ ва 19 осори сафолӣ мебошад.
-Дар ҷашн меҳмонону тамошобинони зиёд ба Қалъаи Ҳисор меоянд?
-Бале. Дар шашмоҳаи аввали соли 2015 ба Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» 6784 меҳмон аз дохилу хориҷи кишвар ташриф овард, ки аз ин: 964 меҳмон аз хориҷ, 5820 меҳмон дохилӣ буда, онҳо аз таърихи Ҳисори бостонӣ бархурдор гаштанд.
-Шояд дар арафаи ҷашни 3- ҳазорсолагии Ҳисор «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба феҳристи умумибашарии Юнеско дохил гардад. Андешаи шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?
-Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» аз марказҳои фарҳангӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мамнӯъгоҳ ҳамчун муассисаи фарҳангӣ, таърихӣ ва илмӣ ба омӯзиши таъриху фарҳанг, суннатҳои миллии мо ва ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию меъморӣ машғул аст. Шӯрои илмии муассиса маълумотномаи таърихиеро, ки 3000- ҳазорсолагии Ҳисорро пурра асоснок менамояд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти бонуфузи Юнеско пешниҳод намуд. Имрӯз барои ворид кардани маҷмааи ёдгориҳои меъмории Ҳисор ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои даври дуввум тайёр ва пешниҳод шудаанд.
Комиссия аз тарафи ЮНЕСКО ба муассиса ташриф оварда, бо тамоми ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор аз наздик шинос шуд ва ҳоло кормандон ба даври сеюми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба ин созмони муътабар омодагӣ мегиранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






