Ҳалокати 6 нафар бар асари омадани сел дар Ванҷ
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз, 20 июл дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел фаромада, боиси ҳалокати одамон ва харобии роҳу пулҳо гардид.
Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки бори аввал сел соати 11 фаромада, дар километри 450-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе, дар мавзеи Даштак як пулро пурра хароб кард. Дар ин мавзеъ ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ бо ҷалби техникаҳо ҷиҳати фавран барқарор намудани пули муваққатӣ кор мебурд. Ҳангоми иҷрои корҳои барқарорсозӣ бори дуюм соати 19-и бегоҳ сел фаромада, пули муваққатиро пурра вайрон карда, ду адад техникаи роҳсозиро бо худ бурд, ки дар натиҷа ронандаи яке аз онҳо низ ҳалок гардид.
Инчунин дар ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ сел як мошини «Starex»-ро бурд, ки дар натиҷа 5 нафар ҳалок ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба иттилои муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ дар ҷамоати деҳоти Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ оби дарё аз меъёри муқаррарӣ зиёд шуда, ба беш аз 50 хонаи истиқоматӣ таҳдид мекунад.
Чунин ҳолат дар деҳаи Техарв низ мушоҳида мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






