Амалҳои ба ном «Давлати исломӣ»-ро маҳкум месозем!
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Башарият қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ мекунад, рўз то рўз зиндагӣ беҳтар мегардад, инсони замони муосир бо истифода аз дастовардҳои илму техника ба кашфи асрори нокушодаи коинот даст мезанад, вале мутаассифона, то ҳанўз мухолифатҳои мазҳабии асримиёнагӣ ҳамчун омили марги мусулмонони бегуноҳ дар кишварҳои гуногуни олам боқӣ мондаанд.
Имрўз дар ҷомеа дар заминаи рушди иттилоот ва шабакаҳои интернетӣ дар баробари дастовардҳои мусбати тамаддуни ҷаҳонӣ боз фарҳанги бегона, фасоди ахлоқӣ, зўроварию тахрибкорӣ, маҳдудиятҳои ақидавию тарғиботӣ ва мазҳабӣ пахш мегардад. Ин раванд табиист, ки ба фарҳанги миллии мо беасар намемонад. Ба болои ин ҳодисаҳои мудҳишу фалокатбори кишварҳои шарқу ғарб гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки терроризму ифротгароӣ вақтҳои охир дар ҷаҳони муосир бештар доман паҳн карда истодаанд. Тавассути садову симо намоиш додани амалҳои ғайриахлоқии як гурӯҳ рўҳониёни кишварҳои мусалмонӣ диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда, боиси баҳсҳои гуногун миёни хонандагону бинандагон гардидааст. Бархе аз иштирокдорони доираҳои баҳсӣ чунин амалҳоро тарҳрезишуда, баъзеи дигарашон муқобил ба ислом, гурўҳи сеюм ба таври дигар медонанд ва ҳар шахс назари хешро оид ба ин қазияҳо баён менамоянд. Аммо аксари донишмандону пажўҳишгарон бар он назаранд, ки дар тўли таърихи башар инсоният шоҳиди он буд, ки хизмати мардуми форс ба ислом беш аз араб аст. Ва ҳатто худи ҳазрати Муҳаммад пайғамбар (с) ҳам иқрор менамояд, ки: «Агар илмро дар сурайё меовехтанд, онро мардоне, аз Форс дармеёфтанд». Аз ин ҳадис бармеояд, ки Форс дар аҳди пешазисломӣ ҳам фарҳанг ва тамаддуни воло дошт ва пас аз ҳуҷуми араб ба ин сарзамин ба таназзул гирифтор шуда, то имрўз як дараҷа ноком аст.
Зуҳури созмони «Давлати исломӣ»-и Ироқу Шом (ДИИШ) ва ҷалб шудани ҷавонони зиёде ба ин созмон маҳсули сиёсатҳои ғалати баъзе низомҳои ҳокимони он минтақа буда, боиси бадбахтиҳои мардумони бегуноҳ гардидааст.
Ёдовар бояд шуд, ки ДИИШ номи исломро доғдор карда, бо зинда ба зинда оташ задани мусалмонони дигар мазҳабҳо, чок кардани шиками кўдакон, сарбурии ҳазорон инсонҳо мехоҳанд теғи ҷонкоҳ ба қалби мардуми мусулмон зананд, зеро тибқи наворҳои пахшшудаи интернет барои чунин гурўҳ ҷони одам заррае арзиш надорад. Ҳар нафаре, ки барои онҳо муносиб нанамояд, ӯро ба таври ваҳшиёна қатл менамоянд.
Афсўс, ҳамоно теъдоди ҷавонони роҳгумзадае, ки дар зиндагӣ натавонистанд мавқеи худро миёни ҷомеа пайдо кунанд, роҳ ҷониби кишварҳои ҷангзада мегиранд. Бештари коршиносони тоҷик ба он боваранд, ки дар сафҳои ДИИШ асосан салафиву ваҳҳобиҳо ҷамъ омадаанд, ки ин равия таълимоти ба худ хос дорад. Онҳо мазҳабҳои дигарро ба куфр мутаҳҳам мекунанд, онҳоро ба қатл мерасонанд, амалҳои худро «ҷиҳод» меноманд.
Бешубҳа метавон гуфт, ки ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ барои Тоҷикистон хеле нигаронкунанда маҳсуб мешавад, зеро дар оянда замоне, ки ҷои онҳо дар Сурия ва Ироқ танг мешаваду ба кишвар бармегарданд, бо он таҷрибае, ки доранд, мояи хатар маҳсуб мешавад, махсусан барои қисме аз ҷавонони тоҷик, ки чандон донишу ҷаҳонбинии васеъ надоранду ба осонӣ ба доми инсонҳои ифротӣ гирифтор шуда, дар оянда ба таври доимӣ зери таъсири онҳо қарор хоҳанд гирифт.
Вақти он расидааст, ки муборизаро бар зидди ин қабил гумрохон боз ҳам пурзӯр намоем, зеро дар ҳолати нодида гирифтани онҳо эҳтимол аст, сенарияи кишварҳои Ховари Миёна дар дигар нуқтаҳои ҷаҳон амалӣ гардад.
Аз ин рў, ҳар фарди солимақл бояд амалиёт ва иқдомҳои ДИИШ, аз қабили қатлу куштор ва сўзонидани асирон аз ҷониби пайравони ин созмонро маҳкум намуда, чуноне ки Сарвари давлатамон борҳо таъкид мекунад, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, то ки пардаро аз рўи мунофиқону бадхоҳони миллати тоҷик бардорем.
Имрўз мо бояд сулҳу ваҳдат, оромию осоиши ҷомеаро таҳким бахшем ва сиёсати созандагию ободонии мамлакатро беш аз пеш вусъат диҳем, фирефтаи ваъдаҳои дурўғини мунофиқону бадхоҳони миллат нашавем. Мо хуб медонем, ки душманони дохилию хориҷӣ фурсати муносиб меҷўянд, шаклҳои муборизаашонро вобаста ба шароит дигар мекунанд, аз идеологияи ҷудоиандозӣ кор мегиранд.
Ҳамин тариқ, бо умеди пирўзии ҷаҳонбинии илмӣ бар хурофот, гуманизм бар терроризм, рўшноӣ бар торикӣ, дўстӣ бар душманӣ, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро барои созандагию ободонӣ ва ояндаи дурахшони кишвари ободу озод, соҳибистиқлолу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду демократӣ даъват менамоям.
Иқдоме, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории семинару конфронсҳои зиддитеррористӣ пеш гирифтааст, бояд гуфт, ки самараи худро дода истодааст ва аллакай чанд нафар ҷавонони раҳгумзада аз ин роҳи бад баргардонида шудаанд.
Ғуломов Меҳроҷ Нарзуллоевич,
раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии
Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав