Амалиёти террористии фидоии 18 — сола дар Туркия
Душанбе, 21.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба хабари агентии Sputnik, террорист – фидоии 18 – сола дар шаҳри Суручи Туркия , ки тақрибан 10 километр дуртар аз сарҳади Сурия воқеъ аст, таркиш ба амал овард.
Ин хабар ҳанӯз ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст, вале ҳукматдорони кишвар тахмин мекунанд, ки таркиш амали яке аз аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» буд.
Ба гуфтаи сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу, «ҳуҷҷатҳои дар маҳалли ҷинояткорӣ бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки ДИ «бомбаи зинда» — ро мавриди истифода қарор додааст».
Мувофиқи маълумоти охирин, бар асари амалиёти террористӣ 31 нафар ҳалок гардида, беш аз 100 нафар осеб дидаанд. Қаблан аз хусуси 27 нафар ҳалокшудагон хабар дода шуда буд.
20 июл дар маркази фарҳанги шаҳри Суруч асбоби тарканда ба кор дароварда шуда буд. Гуфта мешавад, ки дар ин лаҳза дар биное нишасти матбуотӣ дар мавриди бозсозии шаҳри Кобани, ки аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи январи соли 2015 таҳти муҳосираи силоҳбадастони ДИ қарор дошт, доир шуда буд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






