Амалиёти тозакунӣ дар ҳудуди 7 вилояти Афғонистон оғоз ёфт
Душанбе, 09.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Тайи шабонарӯзҳои гузашта дар бархе вилоятҳои Афғонистон силсилаи тозакунӣ сурат гирифта, бар асари он, мувофиқи маълумоти расмии ВКД Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 30 нафар силоҳбадастон кушта ва 9 нафари онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.
Дар хабари ба қарибӣ интишоршудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта мешавад, ки амалиёт дар ҳудуди вилоятҳои Форёб, Қандаҳор, Зобул, Урузгон, Вардак, Лугар ва Ҳилманд сурат гирифт.
Аз рӯи натоиҷи силсилаи тозакунӣ аз қувваҳои шӯришггар як миқдор лавозимоти ҳарбӣ мусодира гардида, ҳамчунин даҳҳо асбобҳои тарканда пайдо ва безарар гардонида шуданд.
Ҳамзамон Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хабар дод, ки дар давраи зикршуда дар кишвар 6 нафар хидматчиёни артиши миллии Афғонистон ҳалок гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






