Амалиёти тозакунӣ дар ҳудуди 7 вилояти Афғонистон оғоз ёфт

Июль 9, 2015 05:29

Душанбе, 09.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Тайи  шабонарӯзҳои гузашта  дар  бархе  вилоятҳои  Афғонистон  силсилаи  тозакунӣ  сурат  гирифта, бар  асари он,  мувофиқи  маълумоти  расмии  ВКД  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон, 30  нафар  силоҳбадастон  кушта ва  9 нафари онҳо ба  ҳабс  гирифта шуданд.
Дар  хабари  ба  қарибӣ интишоршудаи  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  гуфта  мешавад, ки амалиёт  дар  ҳудуди  вилоятҳои  Форёб,  Қандаҳор,  Зобул, Урузгон,  Вардак,  Лугар ва Ҳилманд сурат  гирифт. 
Аз  рӯи  натоиҷи  силсилаи  тозакунӣ  аз қувваҳои  шӯришггар  як  миқдор  лавозимоти  ҳарбӣ  мусодира  гардида,  ҳамчунин  даҳҳо   асбобҳои  тарканда  пайдо  ва  безарар  гардонида шуданд.
Ҳамзамон Вазорати  дифои  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон хабар  дод, ки дар  давраи  зикршуда дар  кишвар  6  нафар хидматчиёни  артиши миллии  Афғонистон ҳалок гардиданд.

Июль 9, 2015 05:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст