Амалиёти қувваҳои низомии Афғонистон дар вилояти Тахор
Душанбе, 01.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Амалиёти фарогири қувваҳои низомии Афғонистон дар ҳудуди вилояти Тахор барои аз силоҳбадастон тоза кардани вулусволии Хуҷагар идома дорад.
Чанд рӯз пеш силоҳбадастони «Толибон» ба як қатор посбонгоҳҳои пулис ҳамла оварда, қисми зиёди хоки вулусволиро забт намуданд. Назар ба иттилои шабакаи телевизионии «Тулӯъ», дар ҷараёни задухӯрд 2 нафар кормандони Вазорати умури дохила ҳалок шуданд.
Тибқи ҳисобот, амалиётҳои минбаъда имкон дод, ки 10 шаҳрак аз шӯришгарон озод карда шаванд. Алҳол қувваҳои мусаллаҳ ба сӯи вулусволии Дашти Арчаи вилояти Қундуз ҳаракат мекунанд. Онҳо ният доранд, ки вақтҳои наздиктарин силоҳбадастонро аз деҳаҳои боқимонда берун кунанд.
Мувофиқи хабари дигар, дар вулусволии Дуркади вилояти зикршуда боз як задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ҳокими ҷонибдори Толибони вулусволии мазкур кушта шуда, 7 нафар силоҳбадастони ӯ захм бардоштаанд. Дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ 3 нафар хидматчиёни пулиси маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






