Ҷамъбасти озмуни ихтироъкорон

Июль 24, 2015 08:07

Душанбе, 24.07. 2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ихтироъкорони ҷавон доир гардид. Дар озмун 43 ихтироъкор ширкат варзид ва Комиссия  бо назардошти озмун ғолибонро муайян намуд. Дар натиҷа як нафар сазовори медали тиллоии Созмони ҷахонии моликияти зеҳнӣ, ду нафар сазовори ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ-медали тиллоии ба номи Виктор Иванович Блинников, чор нафар сазовори «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, се нафар сазовори (Нишон)-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва се нафари дигар сазовор ба дипломҳои дараҷаи аввал, дуюм ва сеюм дониста шуданд.
Ихтирооти аз ҷониби довталабони ғолиб пешниҳодгардида ба соҳаҳои химия, байторӣ, кишоварзӣ, нассоҷӣ ва тиб мансубанд.

Июль 24, 2015 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд