Ҳамлаи силоҳбадастон ба нуқтаҳои назоратии яке аз вулусволиҳои вилояти Вардак
Душанбе, 03.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Шаби рӯзи панҷшанбе силоҳбадастони «Толибон» дар ҳудуди вилояти Вардаки Афғонистон ба нуқтаҳои назоратии пулиси маҳаллии вулусволии Ҷалрез ҳамла оварданд.
Дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ шӯришгарон 6 нуқтаи назоратиро ишғол намуданд.
Мувофиқи маълумоти расонаҳои мухталиф, дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ аз 2 то 5 нафар хидматчиёни пулиси маҳаллӣ ҳалок шудаанд. Дафтари матбуоти волии вилоят хабар медиҳад, ки толибон талафоти зиёде дидаанд.
Дар ҷараёни задухӯрдҳо 10 нафар сокинон ҳам осеб диданд. Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Вардак – Бомиён муваққатан қатъ гардида, ронандагони тақрибан 400 мошин маҷбур буданд, ки то хатми тирпарронӣ ҳаракат накунанд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Пажвок».








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






