Ҳамлаи силоҳбадастон ба нуқтаҳои назоратии яке аз вулусволиҳои вилояти Вардак

Июль 3, 2015 06:28

Душанбе, 03.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Шаби рӯзи  панҷшанбе  силоҳбадастони  «Толибон» дар  ҳудуди  вилояти Вардаки  Афғонистон ба нуқтаҳои  назоратии  пулиси маҳаллии  вулусволии Ҷалрез ҳамла  оварданд. 
Дар натиҷаи  амалиёти  ҳарбӣ  шӯришгарон  6 нуқтаи  назоратиро  ишғол  намуданд. 
Мувофиқи  маълумоти  расонаҳои  мухталиф,  дар  ҷараёни  амалиёти  ҳарбӣ  аз  2  то  5  нафар хидматчиёни  пулиси  маҳаллӣ ҳалок шудаанд. Дафтари  матбуоти  волии  вилоят хабар  медиҳад, ки  толибон талафоти зиёде дидаанд.
Дар  ҷараёни  задухӯрдҳо 10  нафар  сокинон ҳам осеб диданд. Ҳаракати  нақлиёт дар  роҳи мошингарди Вардак – Бомиён  муваққатан қатъ  гардида,  ронандагони  тақрибан  400  мошин маҷбур  буданд, ки то  хатми тирпарронӣ  ҳаракат  накунанд, хабар  медиҳад  Агентии  иттилоотии «Пажвок».

 

Июль 3, 2015 06:28

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд