Ҷамшед Камолов: «Баъзе одамон дидаву дониста ҷони худу пайвандонашонро зери хатар мемонанд»
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки маълум аст 93 фоизи ҳудуди мамлакатро кӯҳсор ташкил медиҳад ва як қисм аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳалаҳои алоҳидаи зисти сокинон дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо ҷойгир мебошанд. Ҳар сол бо омадани фасли гармо ва обшавии пиряхҳо сатҳи об дар маҷрои дарёҳои кӯҳӣ баланд шуда боиси сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани селу ярч, обхезӣ мегардад. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолов Ҷамшед Ҷамолович мусоҳиба анҷом дод. Дар рафти мусоҳиба Камолов Ҷамшед чунин изҳор кард:
— Воқеан ҳам қариб ҳар сол дар минтақаҳои кӯҳӣ, ки манзили зисти сокинони мамлакат ҷойгир аст, ба амал омадани офатҳои табиӣ ба қайд гирифта мешавад. Фаромадани тарма дар моҳҳои феврал-март ва боришоти борону обшавии барфу пиряхҳо дар моҳҳои апрел-май-июн (дар ВМКБ моҳҳои июл-август) ба равандҳои экзогенӣ таъсир мерасонанд. Имсол фасли тобистон дар ҷумҳурӣ хеле гарм омад, ки ин ҳолат ба гармшавии босуръати пиряхҳо мусоидат кард. Дар натиҷа давоми ҳафтаи гузашта омадани сели харобиовар дар ноҳияҳои кишвар боиси сар задани офатҳои табиӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар»: Чорабиниҳо аз тарафи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои пешакӣ муайян кардани минтақаҳои хатарнок ва осебпазир аз офатҳои табиӣ, инчунин корҳои огоҳкунӣ ва фаҳмонидадиҳӣ барои пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ бо сокинони ин мавзеъҳои хатарнок чӣ тавр гузаронида мешаванд?
Камолов Ҷамшед: Ин корҳо аз тарафи комиссияҳои маҳаллӣ анҷом дода шуда дар асоси хулосаҳои геологӣ минтақаҳои осебпазир муайян карда мешаванд. Ин кор ҳар сол сурат мегирад ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба он санаду ҳуҷҷатҳоро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пешниҳод мекунанд. Дар ин санадҳо рӯйхати хоҷагиҳое, ки зери равандҳои экзогении хатарнок қарор доранд, номнавис мешаванд. Дар асоси санадҳои пешниҳодшуда аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯйхати умумӣ омода гардида, ҳамасола нақшаи дурнамои кӯчонидани хоҷагиҳое, ки зери равандҳои экзогенӣ қарор доранд, таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд. Барои ҳамасола кӯчонидани 300-350 хоҷагӣ ба минтақаҳои бехатар тавсия дода мешавад. Бояд гуфт, ки ба ин гуна хоҷагиҳо барои кӯчидан ба минтақаҳои бехатар қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардида, кӯмаки яквақта дода мешавад.
Муоинаҳое, ки аз тарафи мутахассисони Саридораи геология гузаронида мешаванд, гувоҳӣ медиҳанд, ки минтақаҳои хатарнок дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ниҳоят зиёд мебошанд. Бинобар ҳамин кӯчонидани тамоми хоҷагиҳое, ки зери минтақаи хатарнок қарор доранд муяссар намегардад.
АМИТ «Ховар»: Тавре ки гуфта шуд, дар асоси хулосаҳои комиссияҳои маҳаллӣ минтақаҳои хатарнок ва хоҷагиҳои дар ин минтақаҳо ҷойгирбуда муайн мешаванд ва бо дастгирии ҳукумат чораҳо барои ба мавзеъҳои бехатар кӯчонидани хоҷагиҳо сурат мегирад. Чӣ мушкилиҳо дар раванди татбиқи ин чорабиниҳо бештар ба назар мерасад?
Камолов Ҷамшед: Тибқи қойдаи маъмул он хоҷагиҳое, ки ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд, набояд дигарбора ба минтақаҳои хатарноки тарккардаашон баргарданд, он минтақаҳо бояд ба боғзорҳо табдил дода шаванд. Мутаасифона, тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд як қисми одамон ҷону худу пайвандонашонро дидаву дониста зери хатар мемонанд ва дубора ба ҷойҳои аз офати табиӣ осебпазир мераванд.
Чунончӣ, соли 2010-ум баъд аз омадани сел ба шаҳри Кӯлоб аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ қарор қабул карда шуда буд, ки дар ду тарафи соҳили сойи Тебалай дар масофаи то 30 метр хонаҳои истиқоматӣ бунёд нашаванд ва он хоҷагиҳое, ки дар соҳили сой қарор доранд ба мавзеи бехатар кӯчонида шаванд. Вале то ҳоло ин қарор пурра иҷро нашудааст. На танҳо дар соҳили сойи Тебалай, балки дар соҳилҳои ҳама рӯдҳо ва дарёҳои мамлакат дар масофаи то 30 метр набояд хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шуда бошанд. Бояд гуфт ки корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ин самт ба дӯши мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ гузошта шудааст.
АМИТ «Ховар»: Маълум аст, ки офатҳои табиӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон сар мезананд ва Тоҷикистон низ аз хатари гирифтор шудан ба ин ҳолатҳо истисно нест. Барои паст кардани сатҳи офатҳои табиӣ ва роҳ надодан ба талафоти ҷонӣ аз тарафи раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ татбиқ кардани чорабиниҳо дар кадом вазъ қарор дорад?
Камолов Ҷамшед: Мувофиқи тавсияҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ба мо расидаанд, чорабиниҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ афзалтар аз бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дониста мешаванд. Фаъолияти раёсати ҳифзи аҳолӣ низ ба ҳамин самт нигаронида шудааст. Ба хотири паст намудани хатарҳои офати табиӣ барои зиёда аз 30 ноҳия «Нақшаҳои рушд барои давраҳои миёнамуддат» таҳия ва барои дар амал татбиқ намудан фиристонида шудаанд. Мутобиқ ба «Нақшаҳои рушд» аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳои зерин амалӣ мешаванд:
— муайян кардани минтақаҳои хавфнок;
— огоҳсозии аҳолӣ аз мавҷуд будани хатари офатҳои табиӣ;
— кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои ҳавфнок;
— гузаронидани корҳои соҳилбандӣ;
— сохтмони иншооти муҳофизатӣ дар минтақаҳои хавфнок;
— ташкил намудани захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
Бояд гуфт, ки ин гуна «Нақшаҳои рушд» солҳои қаблӣ вуҷуд надошт. Маҷмӯи чорабиниҳое, ки дар доираи ин «Нақша»-ҳо пешниҳоду тавсия ва дар амал татбиқ мешаванд, албатта дар паст кардани сатҳи хатарҳои офати табиӣ нақши муҳим мебозанд.
Мавриди ёдоварист, ки мувофиқи қарори Ҳукумати мамлакат таҳти рақами 778 аз соли 2006 «Дар хусуси ташкили захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда» бояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳо чунин захираҳо мавҷуд бошанд. Ҳоло дар аксар шаҳру ноҳияҳо захираҳои моддӣ мавҷуданд. Агар солҳои пеш дар ягон минтақаи дурдаст офати табиӣ сар мезад, дар он мавзеъ мунтазир мешуданд, ки кай аз марказ кӯмакҳо фиристонида мешуданд ва ин кӯмакҳо дар чанд рӯз рафта мерасиданд. Ҳоло чунин нест. Айни замон дар вилоятҳои Суғду Хатлон захираҳои моддӣ барои рафъи оқибатҳои табиӣ ба таври кофӣ мавҷуд мебошанд. Захираҳои моддӣ гуфта, маводи хӯрока, маводи сӯхт, доруворӣ, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ дар назар дошта шудааст. Тавре ки маълум аст баъд аз сар задани офати табиӣ бояд пеш аз ҳама кӯмакҳои аввалия ба аҳолии аз офат зарардида расонида шавад, баъд аз он корҳои барқарорсозӣ сурат гиранд.
Бо супориши роҳбарияти кумита дар минтақаҳои хатарнок дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои харидории дастгоҳҳои муосири наҷотдиҳӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд ва айни замон дар минтақаҳо дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ бо маводи зарурӣ ва техникаи муосир муҷаҳҳаз мебошанд.
Муовини сардори Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Муллосамӣ Самиев ҳангоми мусоҳиба чунин гуфт: «Мувофиқи маълумотҳои аз ситодҳои минтақавӣ дастрасшуда айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон 1136 мавзеи хатарнок ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 559 мавзеи аз омадани сел хатарнок, 82 мавзеи аз селу ярч хатарнок, 132 мавзеи ярчӣ, 56 мавзеи аз обхезӣ хатарнок, 40 мавзеи сангрез, 15 мавзеи аз ярчу сел ва обхезӣ хатарнок, 64 мавзеъе, ки дар як вақт дорои хавфи тарма, сел, сангрез ва ярч мебошанд, 51 мавзеъе, ки дорои хавфи селу обхезӣ дорад, 14 мавзеъе, ки дорои хавфи баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ мебошанд, 122 мавзеъи дорои хавфи тарма ва сел ва 1 мавзеи дорои эҳтимолияти садамаҳои техногенӣ мебошанд. Ин маълумотҳо дар асоси омӯзишҳои чандинсола, таҳлилҳои илмӣ ва мушоҳидаҳои тағйирёбии иқлим ҷамъоварӣ шуда, мутобиқ ба он чораҳои паст кардани хатарҳои офати табиӣ барномарезӣ ва амалӣ карда мешаванд.