Қарзҳои маоши муҳоҷирони меҳнатӣ пардохта шуданд

Июль 16, 2015 06:44

Душанбе, 16.07.15. (АМИТ «Ховар»,  Лайло Тоирӣ). — Бо мусоидати  намояндагии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  тайи  15  рӯз  қарзҳои  маоши  муҳоҷирони  меҳнатӣ  баробари  1  миллиону  331  ҳазор  рубл  пардохта  шуданд.
Масалан,  роҳбарияти   корхонаи  истеҳсоли  маҳсулоти  гӯшту  ширии  вилояти  Маскав қарзҳои  маоши   шаҳрвандони  Тоҷикистонро  баробари  1  миллиону  174  ҳазор  рубл пардохт  намуд.
Ғайр  аз  ин  Одинабек  Лоиқов  ва  Муҳаммадҷон  Қурбонов, ки  дар  ҳайати Ҷамъияти масъулияташ  маҳдуди «Римтек» — и  шаҳри  Екатеринбурги  вилояти  Свердловск  кор  мекунанд, қарзҳои  маошашонро  дар  ҳаҷми  мутаносибан 124  ҳазор  ва  33  ҳазор  рубл  гирифтанд.

 

Июль 16, 2015 06:44

Хабарҳои дигари ин бахш