Қатли 7 шаҳрванди Ироқ аз дасти ДИИШ

Июль 27, 2015 02:59

 Душанбе, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Тибқи маълумоти як манбаи маҳаллӣ дар вилояти Киркуки Ироқ, ДИИШ  7 шаҳрванди бегуноҳро бо гумони хабаррасонӣ ва ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ироқ қатл кард. Ин манбаъ ба «Ас-Сумирия нюс» иттилоъ додааст. ки ДИИШ рӯзи якшанбе даст ба ҷинояти мудҳиш задааст, ки ин қатли 7 нафар бо гумони хабаррасонӣ ба Ҳукумат мебошад. Манбаъ афзуд, қатл дар маркази Шарқот, дар километри 55-уми Киркук анҷом дода шуд. Манбаъ мегӯяд, ДИИШ пас аз додани талафоти зиёди неруҳояш дар минтақаи Бейҷи дар ҳолати парешонӣ қарор дорад.

Июль 27, 2015 02:59

Хабарҳои дигари ин бахш