Ҳавои рӯзи иди саиди Фитр чӣ гуна хоҳад буд?
Душанбе, 16.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо дар рӯзи иди саиди Фитр ҳавои кишварамон абрноку бебориш буда, танҳо дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, дар кӯҳҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеии марказ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Назар ба иттилои Сайёра Навҷувонова-мутахассиси Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ: дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.
Сокинони ҷануби кишвар -вилояти Хатлон иди саиди Фитрро дар ҳавои гарм, ки ақрабаки ҳароратсанҷи ҳаво рӯзона +37-42 дараҷа гармиро нишон медиҳад, таҷлил менамоянд. Шабона ҳаво дар ин вилоят +24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар шимоли кишвар — вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона +22-27 ва рӯзона + 35-40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона +19-24, рӯзона +36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ шабона +18-23, рӯзона +26-31 ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона +6-11, рӯзона +20-25 дарҷа гарм мешавад.
Ҳавои Душанбе фардо дар рӯзи иди Фитр рӯзона +38-40 ва шабона +20-22 дараҷа гарм мешавад. Имрӯз сокинони Душанберо гармии +39-41 дараҷа интизор аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






