Ҷавонони Тоҷикистон дар Бадахшон муттаҳид мешаванд
Душанбе, 12.07.2015 (АМИТ «Ховар», Некрузи Муҳаммадсодиқ) — Имрӯз беш аз 150 нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои иштирок дар семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ- ифротгароӣ » бо шиори «Мо Бадахшон меравем » ба роҳ баромаданд.
Семинари мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то16 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доир мегардад.
Дар кори семинар бештар аз 300 нафар ҷавонон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат меварзанд. Ҳамчунин дар доираи ин семинар ҷавонон аз мевзеъҳои зебои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дидан карда, бо таъриху фарҳанг, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва мавзеъҳои сайёҳию диданӣ аз наздик ошно мегарданд.
Мақсад аз баргузории семинар пешгирӣ намудани ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, огоҳ намудани онҳо аз мақсаду ҳадафҳои гурӯҳҳои ба ном исломӣ, баланд бардоштани ҳисси миллию худшиносӣ ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад .








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






