Аз як деҳаи ноҳияи Ҳисор 8 бех растании бангдона ошкор гардид
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015” ҳангоми азназаргузаронии заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор 8 бех ниҳоли бангдонаро ошкор намуданд. Ин ниҳолҳо ба сокини 51-солаи ноҳия тааллуқ дошт.
Инчунин аз дохили девор растаниҳои нимхушкардаи бангдона дарёфт ва мусодира гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти АНМН, зимни тафтишот муайян гардид, ки соҳиби замини наздиҳавлигӣ шахсан растаниҳои бангдонаро парвариш намуда, онҳоро хушконида, дар дохили девор пинҳон намудааст.
Дар айни замон тафтишот муайян дорад, ки соҳиби замини наздиҳавлигӣ бо кадом мақсад растаниҳои бангдонаро парвариш кардааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






