Аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсиониро ҷонибдорӣ менамоянд
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давъати панҷум баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард.
Ҳамзамон дар иҷлосия баррасии масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Чумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоили марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар назар аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






