Ба 5 488 шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои кор дода шуд

Июль 16, 2015 02:17

Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар 6 моҳи cоли 2015 5488 (соли 2014-3527) аризаи шаҳрвандони хориҷӣ барои  гирифтани иҷозат барои кор баррасӣ гардида, ба расмият дароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014  -1961  ариза зиёд мебошад. Ба  шаҳрвандони хориҷи дур дар ин муддат  5 350 (соли 2014-3353) иҷозат ва ба шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ — 138 (соли 2014-174) иҷозат барои кор дода шудааст. 
Дар давраи сипаригашта ба 116 субъекти хоҷагидор иҷозатнома оид ба  ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ҷалби 3061 шаҳрванди хориҷӣ дода шуда, 43 субъект ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа машғул аст. Ширкатҳои номбурда дар баробари ҷалби 2 383  шаҳрванди хориҷӣ ҳамчунин 24 480 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷойи кор таъмин менамоянд. 

Июль 16, 2015 02:17

Хабарҳои дигари ин бахш