Бадахшон: Бунёди хонаҳо барои осебдидагони сел оғоз гардид

Июль 23, 2015 10:36

Хоруғ, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мираҳасан).- Дар  деҳоти Барсем, Бердибекобод, Колхозободи    ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, ки бар асари офати табиӣ зарар дида буданд, корҳои сохтмонӣ     оғоз ёфтанд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба роҳбарони ҳар як идораву муассиса супориш дод, ки барои хонаводаҳои зарардида манзил бунёд  кунанд. Корманди Хадамоти оташнишонии  вилоят   Шаҳмар Суҳробов  иброз медорад, ки: «Дар натиҷаи  офати табиӣ  мардум  аз хонаҳои истиқоматии худ маҳрум гаштанд.   Бар дӯши идораи мо  сохтмони як хонаи истиқоматӣ гузошта шудааст ва мо итминони комил дорем, ки дар  муҳлати кӯтоҳтарин  онро  мавриди истифода қарор медиҳем».  Идораву муассисаҳои дигар низ ба сохтмони хонаҳо барои  осебдидагон  оғоз намуданд.  Бояд зикр намуд, ки барои осебдидагон  хонаҳои урфии бадахшонӣ  сохта мешаванд. Масолеҳ барои бунёди  сохтмон аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон ҷудо гардида, аллакай вориди шаҳраки муваққатӣ гардонида шуд.
Дар қатори бунёди хонаҳои истиқоматӣ  дар ин ҷо  мактаб, мағоза ва  бунгоҳи тиббӣ, инчунин иншооти муҳими инфрасохторӣ  сохта хоҳанд шуд.

 

 

Июль 23, 2015 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст