Бар асари афтидани мошин ба дарё се нафар фавтид

Июль 3, 2015 08:39

Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-2 июли соли равон  мошини  тамғаи “Opel-astra” ба дарё афтида, дар натиҷа се нафар фавтид. Ронандаи мошини  тамғаи “Opel-astra”, сокини 22-солаи ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар рӯ ба рӯи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад. 
Ронандаи мошин ва мусофири он, зани тахминан 40-45 солаи шахсияташ номаълум, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади мусофири дигари мошин, марди тахминан 25-30-солаи  шахсияташ номаълум аз ҳудуди деҳаи Варзоб ёфт шуд.

Июль 3, 2015 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш