Баррасии сафари расмии С. Аслов ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Июль 20, 2015 11:21

Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- 20 июли соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои сафари дарпешистодаи расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин дар атрофи самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Чин дар арсаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт.

 

Июль 20, 2015 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш