Бекоркунии ақди никоҳ рӯ ба камшавӣ овардааст
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мувофиқи маълумоти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон қайди никоҳ дар ҷумҳурӣ 33 ҳазору 384 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (43.299 адад) 9 ҳазору 915 адад кам мебошад. Қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ, 4 ҳазору 539 ҳолатро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 124 ҳолат кам мебошад.
Ин теъдод дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 1 ҳазору 910 ҳолат ё 42,07%, дар шаҳри Душанбе 570 ҳолат ё 12,5%, дар НТҶ 1 ҳазору 057 ҳолат ё 23,2%, вилояти Хатлон 947 ҳолат ё 20,8% ва ВМКБ 55 ҳолат ё 1,21%-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оила иттилоъ доданд, дар давраи ҳисоботӣ дар вилояти Хатлон 89 ҳолат ва дар шаҳри Душанбе 64 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






