БМТ: “Ҷаримаи бонкҳо дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳо давом дода мешавад”
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-«Баъди санҷишҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаримадиҳии бонкҳо дар ҳаҷми калон татбиқ шуданд ва дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳои ошкоршуда, чунин сиёсат давом дода мешавад». Ин нукта имрӯз, 30 июл дар ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилоти қарзӣ ва раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон зикр гардид.
Дар он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор намуд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, тамоюли мусбати рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуда, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фаъолияти низоми бонкии кишвар барои иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-молиявӣ равона гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро барои рушди боэътидоли ҳаҷми пул, муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад, амалӣ намуд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо бонкҳо барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва таъмини рушди устувории он дар кишвар, ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, пурзӯр намудани идораи хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмили усулҳои идораи корпоративӣ, назорати қатъӣ аз болои дороиҳо, уҳдадориҳо, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ бояд диққати асосӣ диҳад.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов “Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2015”-ро таҳлил намуда, ба тамоюли зиёдшавии дороиҳои ғайриманқул, раванди сусти автоматикунонии амалиёти бонкӣ барои паст кардани хавфи амалиётӣ, номукаммал будани низоми идораи дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳӣ, риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди берун аз муҳлат ва носаҳеҳи ҳисобот, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ, беҳтар намудани идораи корпоративӣ, надоштани стратегияи ҷалби захираҳои дарозмуҳлат, фаъолияти суст дар ҷорӣ намудани маҳсулоти нави бонкӣ, баланд будани маржаи фоизӣ бинобар баланд будани фоизи қарзҳо ва ғайра ҷалб намуд.
Дар бахши муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, Ассотсиатсияи ташкилоти маблағгузории хурди Тоҷикистон дар мавриди мавҷуд будани баъзе мушкилот ҳангоми ҳисобу китоб ва пардохти андоз, интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ва ҳамчун пасандоз ворид шудани онҳо ба ташкилоти қарзӣ, эътимод ба бонкҳои мамлакат, инкишофи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар амал татбиқ намудани Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, таҳияи дастурамалҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаи феълӣ, ба роҳ мондани фаъолияти дурусти банкоматҳои ташкилоти қарзӣ андешаҳои мушаххаси худро иброз намуда, изҳор доштанд, ки омодаанд дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои номбурда саҳми худро гузоранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






