Бокс дар Кӯлобу қаиқронӣ дар Муъминобод

Июль 22, 2015 07:00

  Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ),-   Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни наврасони  соли таваллуди  1999-2000 аз 1 то 5 августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида мешавад. Сардовари мусобиқа А. Азимов (ш. Кӯлоб) ва саркотиб Қ. Норов (ш. Душанбе) муайян шуда, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо комиссияи ваколатӣ интихоб менамоянд. 
25-26 июли соли 2015 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қаиқронӣ байни наврасони соли таваллуди  1998-2001 доир мешавад.
Сардовари мусобиқа Н. Сафаров ва саркотиб Р. Муҳсиддинов муқаррар гардида, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо комиссияи ваколатӣ интихоб менамоянд.  
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

 

Июль 22, 2015 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст