Боздиди мудири минтақавии хазинаи СММ аз Парлумони Тоҷикистон

Июль 7, 2015 05:07

     Душанбе, 07.07.20-15.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Густариши равобити Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ зимни мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ -муовини раиси Маҷлиси намояндагон бо Карл Кулесса, мудири минтақавии хазинаи нуфуси СММ дар Душанбе матраҳ гардид.
Хайринисо Юсуфӣ ба намояндаи СММ доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар ва нақши он дар эъмори ҷомеаи демократӣ, таҳкими волоияти қонун ва пояҳои давлатдорӣ маълумоти муфассал дод. Мавсуф нақши  ниҳодҳои СММ-ро дар самти ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он дар мавриди  «Даҳсолаи об барои ҳаёт» ва ҷашни  байналмилалии Наврӯз муҳим арзёбӣ кард.
   Карл Куллеса -мудири минтақавии хазинаи нуфуси СММ аз сатҳи равобити Тоҷикистон бо СММ дар тамоми заминаҳо ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид карда гуфт, ки он дар оянда ба манфиати ҳар ду ҷониб нигаронида хоҳад шуд. 

 

Июль 7, 2015 05:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд