Боздиди Р. Раҳимзода аз мавзеи селзадаи ноҳияи Ванҷ

Июль 27, 2015 03:51

Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз, 26 июл вазири корҳои дохилӣ  Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ аз Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан карда, бо ҳайати шахсии шуъбаи мазкур вохӯрӣ доир намуд.
Зимни боздид вазири корҳои дохилӣ бо ҷараёни хизмат,  фаъолияти кории кормандони мазкур ва шароити маишии онҳо шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки кормандони милитсия бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бо мардум бошанд ва дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва дигар мушкилоти онҳо кумаку дастгирии худро дареғ надоранд.
Ҳамзамон вазири корҳои дохилӣ аз ҷойҳои селзада дидан карда, бо мардуми маҳаллӣ, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, вохӯрд.
Зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ аз аҳвол ва мушкилоти онхо пурсон шуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани зарари оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида, дар ин радиф кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ кумаку ёрии худро аз мардум дареғ намедоранд.

 

Июль 27, 2015 03:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст