Боздиди Сафири Шветсия аз Исфара

Июль 20, 2015 07:03

Хуҷанд, 20.07.2015. АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Сафири фавқулода ва мухтори шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикисон Оке Петерсон зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дирӯз аз шаҳри Исфара дидан намуд. Тавре ки аз дастгоҳи роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, зимни боздид аз шаҳри Исфара Сафири Шветсия Оке Петерсон бо раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода мулоқот дошт. Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили  ҳамкории  дуҷониба, минҷумла ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара  бо ташкилоти байналхалқӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби САҲА  баррасӣ гардидаанд, ҳамзамон  ҷонибҳо оид ба вазъи минтақаҳои сарҳадӣ ва роҳандозии муносибатҳои неку дӯстона бо ҳамсоягон, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, мавқею мақоми занон дар ҷомеа, роҳҳои пешгириву мубориза алайҳи радикализму экстремизм суҳбат намуданд. 
Сафири фавқулода ва мухтори шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оке Петерсон  вобаста ба нақшаву ният ва барномаҳои иҷтимоии тарҳрезинамудаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, алалхусус барои шаҳри Исфара ибрози назар кард. Зикр гардид, ки то ин муддат бо дастгирии САҲА як силсила лоиҳаҳои хурди пешниҳоднамудаи ташкилоти чамъиятии Исфара бо маблағи умумии 105 ҳазор евро дастгирӣ ва амалӣ  шудаанд.
Мавсуф омодагии Сафорати шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам идораи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷандро ҷиҳати мусоидат баҳри баланд бардоштани иқтидори ташкилоти ҷамъиятӣ, дастгирии лоиҳаҳои хурд оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ барои занони Исфара ва таъмини иштироки бонувон дар раванди демократикунонии ҷомеа изҳор дошт.

 

Июль 20, 2015 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад