Боздиди Сарвари давлат аз рафти корҳои сохтмонию барқарорсозии НБО Роғун
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар нерӯгоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ дидан кард. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва руҳияи баланди бунёдкорони ин иншоот аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.
Мавриди зикр аст, ки ин ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон идомаи сафарҳои қаблӣ ба маҳалли бунёди НБО Рогун буда, дар рафти он Президенти мамлакат бо коргарону мутахассисони сершумори ин нерӯгоҳ суҳбатҳо доир намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамчун фармоишгар назорат ва таъмини корҳои сохтмону барқарорсозии иншоотро дар асоси маводи лоиҳавӣ анҷом дода, ҳамкориро бо пудратчиёну зерпудратчиён дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондааст.
Корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти НБО Роғун мутобиқи ҷадвали тақвимии баистифодадиҳии навбати аввали нерӯгоҳ бо сифати баланд ва тибқи тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷараён доранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






