Бозии тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Австралия

Июль 3, 2015 08:44

Душанбе , 03.07.2015,(АМИТ «Ховар»  Меҳрони  Қурбон).-Дастаи   мунтахаби  футболи миллии Тоҷикистон  дар даври  4-ум  бо дастаи  мунтахаби  Австралия, ки  дар  марҳилаи интихобии ҶҶ-2018  дар  гурӯҳи «В» шомил мебошад, байни  ҳам   қувва  меозмоянд. Ёдовар  мешавем, ки  ин  бозӣ  рӯзи  8 сентябр  дар  варзишгоҳи   марказии  шаҳри  Душанбе   баргузор  мегардад. 
Хотиррасон  менамоем, ки бозии дастаи    мунтахаби  футболи миллии Тоҷикистон  дар  даври  2-юм бо  дастаи  мунтахаби  Бангладеш бо ҳисоби  мусовии  1-1 ба  анҷом  расид.   

 

Июль 3, 2015 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш