Дар Афғонистон 14 мухолифи давлат ва террористи зархарид маҳв карда шуд

Июль 1, 2015 12:13

Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи амалиёти неруҳои амрикоӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳудуди вилояти Нангарҳори Афғонистон 14 ифротгарои мусаллаҳ бо шумули террористони зархариди хориҷӣ маҳв карда шуданд. 
Амалиёти мазкур дар вулусволии Лаълпур, ки бо Покистон хаммарз аст, роҳандозӣ шудааст. Аз ҷониби ғайринизомиён касе осеб надидааст.

 

Июль 1, 2015 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш