Дар Бадахшон сокинон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, корҳои бартарафсозӣ бо суръат ҷараён доранд

Июль 17, 2015 07:54

Душанбе, 17.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сувчони ноҳияи Шуғнон 16-уми июл тахминан соатҳои 15- сел омад, ки дар натиҷа 39 хонаи истиқоматии сокинони назди дарёро ба пуррагӣ хароб намуда даҳҳо маснзили зистро қисман вайрон намудааст. Сабаби омадани селро мутахассисон ба гармшавии ҳаво марбут медонанд. Гармии ҳаво дар Бадахшон рӯзҳои охири ҳафта ба 30 дараҷа расидааст, ин гуна гарм омадани ҳаво пиряхҳоро босуръати баланд об намуд. Оби пиряхҳо ба дарёи Ғонд рафта, маҷроидарёро дигар кардааст ва дар натиҷачаҳор хонаи истиқоматӣбарканда гашта пурра хароб шудаанд. Замину боғҳои деҳаи Барсем ва Колхозобод ,ҳамчунин заминҳо наздҳавлигии сокинон, дар маҷмуъ 20-гектар, ки 8-гектари онзамини коррам мебошанд, пурра зери об мондааст. Бо сабаби омадни сел ва канда шудани кӯҳпора маҷрои дарёи Панҷ банд гардани дар массоҳати 3,5 км обанбор эҷодшудааст. Тибқи иттилои сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Ҳотмшо Давлатов, айни ҳол дар ҷойиҳодисаи табиӣ намояндагони ҳукумат, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар вилоят ва дигар ниҳоди дахлдор ҳузур доранд. Сокинони осебдида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, корҳои бартарафсозӣрафта истодааст. Дар ҷойҳои хатарнок бошад, аломатҳои махсус гузошта шудааст. Тибқи иттилоъ хотима ёфтани сел маълум нест, чунки ҳар лаҳза сатҳи об баландупаст шудан мегирад. Деҳаи Барсем дармасофаи 30 — 35 киломер дуртар аз шаҳри Хоруғ қарор дошта,яке аз деҳаҳои калонтарин ва сераҳолитарини ин минтақаба шумор меравад. Дар натиҷаиомадани сел 3 километр роҳи аҳамияти байналмилали дошта, яъне шоҳроҳи Душанбе-Хорӯғ- Қулма ба пурагӣхароб гардида, ҳаракати нақлиёт қатъ шудааст. Ҳамчунин ду пули калони мошингузар ва ду пули пиёдагарди аҳамияти маҳаллӣ дошта, ки деҳаи Ғондро ба роҳи асосӣ мепайвандад дар натиҷаи омаданисел ва баланд гардидани сатҳи дарё бапуррагӣ харобгардидааст. Тавре хабарнигори ТВ «Сафина» дар ВМКБ Хосият Худоёрбекова иттилоъ дод, бар асари омадани сел мағоза ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишвор деҳхҳои зикргардида хароб гардидаанд. Масъулини Ширкати «Помир Энержи» хабар додаанд, 5 км хатти баландшиддати барқ, ки ба самтишаҳри Хоруғ кашидашудаанд, хароб гардидаанд. Фаромадани сел бо танаффус идома дорад, яъне баъдҳар як соат ин ҳолат такрор меёбад.Шаҳри Хорӯғ ва ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва қисман Роштқалъамуддати як шабонарӯз аст, ки аз истифодаи барқ марҳум мондаанд. Дар ноҳия Шуғнон5- қубури обгузар ва 6-ҷӯйбори калони обгузар, ки ҳар кадоме аз он онҳо950-метри мураббаъ дарози доштанд, пурра зери об мондаанд. Дар шаҳри Хорӯғ босабаби набудани барқ насосҳои обкаш аз кор монда шаҳрвандон барои дастраси баоб танқиси мекашанд, зеро овардани об аз масофаи 5-км дури аз деҳаи Вардак имконпазир мебошад. Ҳамчунин дигар сеху корхонаҳо,ки бо барқ фаъолият мекарданд, бо сабаби норасоии барқ мувақатан аз кор бозмондаанд. Дар макониҳодимса ситоди фавқуллода, аз ҳисобимасъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва ризокорон- ҷавонон ташкил шудааст. Тибби сайёр низ ба шаҳрвандоне, ки аз вазъисаломатии худ шикоят доранд, кӯмамерасонад. Субҳи имрӯз бодастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳамон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъуллин аз вазорату идораҳои гуногун, аз ҷумла раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ, муовини Вазири мудофиаи ҶТ ва масъулини дигар ба макони ҳодиса сафар намуданд. Тавре иттилоъ дода мешавад, барои мардуми зарардиа, хаймаҳои муваққатӣ, хурокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дастарскарда шудааст. Бо супориши бевоситаи Раиси ВМКБ Идораи «Бадахшон-Роҳ» барои сокинон ва шаҳрвандон, роҳҳои мувақати бунёд гардидаанд ва кӯчонидани сокинон ба ҷойҳои нисбатанбехавф идома дорад.

Июль 17, 2015 07:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад