Дар Чкалов ба 70 кӯдаки ятиму бепарастор кумак расониданд

Июль 15, 2015 03:12

Чкалов, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи таҷлили иди саиди Фитр беш аз 70 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Чкалов аёдат шуда, ба онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кумаки моддӣ расонида шуд. 
Дар ин бора Наргис Абдувоҳидова, сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳри Чкалов хабар дод.
Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа роҳандозӣ гардида, илова бар ин аёдати шахсони яккаву танҳо ва ниёзманд низ дар назар дошта шудааст.
Зимнан, дар шаҳри Чкалов 18 кӯдаки ятими кулл, 166 нимятим ва 107  кӯдаки маъюб ба қайд гирифта шуда, онҳо зери ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

 

 

Июль 15, 2015 03:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад