Дар Хуҷанд 5 донишҷӯи нашъаманд дастгир шуд

Июль 14, 2015 06:01

Хуҷанд, 14.07.15. (АМИТ «Ховар», Абдулаҳад  Шарифзода). – Кормандони Раёсати Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  дар  вилояти  Суғд тайи нимсолаи  якуми соли  2015 – ум 28 ҷинояткории  марбут  ба   гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддирро ошкор намуданд. 
Дар давраи зикршуда 44  нафар,  аз ҷумла  4  нафари қаблан маҳкумшуда  ва  1  шаҳрванди  хориҷӣ  барои  содир  намудани  ҷинояткориҳои  марбут ба  гардиши  ғайриқонунии  маводи  нашъаовар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ  кашида шуданд. 
Дар  ҳамин  давра мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва   сохторҳои  дахлдори  вилоят  134  ҳодисаи  нашъаҷаллобиро  ошкор  намуда, 305  килограмму  964  грамм маводи  мухаддирро  мусодира  намуданд. 
Кормандони агентӣ  дар  ҳошияи  амалиёти «Кӯкнор»  12  ҳодисаи марбут ба   парвариши  растаниҳои нашъадорро ошкор  намуда, 164  ҳазору  981 буттаи бангдонаро бо усули  оташзанӣ нест  карданд. 
Дар  давраи  ҳисобот  дар  ҳудуди  вилоят як шаҳрванди  Афғонистон  дастгир  шуда,  аз  ӯ 11  килограмм  маводи  мухаддир  мусодира гардид.  Ғайр  аз  ин  5  нафар  донишҷӯёни  ду  донишкадаи  олии  Хуҷанд  бо  гумонбари  истеъмоли  доимии  маводи  мухаддир  дастгир  шуданд.

 

Июль 14, 2015 06:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад