Дар Ғончӣ маркази нави ҳунарҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт
Душанбе 08.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар деҳаи Лолазори ноҳияи Ғончӣ маркази нави ҳунарҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт.
Тавре ки аз мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ғончӣ иттилоъ доданд, дар маркази таълимию истеҳсолӣ дар марҳилаи нахуст 22 духтар ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шуд.
Марказ бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои миллӣ ифтитоҳ ёфта, дар он 4 дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва дастгоҳи қолинбофӣ насб гардидааст. Хадаф аз таъсиси марказ ҷалби занон ба ҳунаромӯзӣ ва соҳиби ҷои кор намудани онҳо дар маҳал мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






